Огоҳӣ оид ба махфияти Galaxy Wearable Навсозии охирин: 1 апрел, 2020 Мо дар Samsung Electronics Co., Ltd. медонем, ки махфият барои муштариёни мо чӣ қадар муҳим аст. Мо ин Огоҳӣ оид ба махфиятро барои он тартиб додаем, ки шумо тарзи ҷамъоварӣ ва истифода шудани маълумоти шахсии худро бифаҳмед. Сиёсати махфияти мо, ки онро дар https://account.samsung.com/membership/terms/privacypolicy дидан мумкин аст, ҳамчунин ба истифодаи шумо аз Galaxy Wearable-и худ татбиқ карда мешавад. Сиёсати махфияти мо маълумоти бештар дар бораи тарзи аз ҷониби мо истифода шудани иттилооти шуморо дар бар мегирад. Инчунин он маълумот дар бораи чӣ тавр бо мо дар тамос шуданро дар бар мегирад. Лутфан, ғайр аз Огоҳӣ оид ба махфият Сиёсати махфияти моро низ хонед. Бо вуҷуди ин, ин Огоҳӣ оид ба махфият ҳамеша нисбат ба Сиёсати махфият бартарият дорад. МО КАДОМ МАЪЛУМОТРО ҶАМЪ МЕКУНЕМ? Мо бо роҳҳои гуногун тавассути Galaxy Wearable дар бораи шумо маълумот ҷамъоварӣ мекунем ва нигоҳ медорем. Маълумоте, ки шумо бевосита пешниҳод мекунед • Вақте шумо ба Ҳисоби Samsung-и худ аз дастгоҳи Galaxy Wearable-и худ ворид мешавед, маълумоти ҳисоби Samsung, ба монанди ID-и ҳисоби Samsung-и шумо. Маълумот дар бораи истифодаи Galaxy Wearable аз ҷониби шумо • Маълумот дар бораи дастгоҳҳои шумо, ба монанди намуди дастгоҳ, тамғаи дастгоҳ, намуд ва версияи СО, муайянкунандаҳои дастгоҳ ва дигар муайянкунандаҳои ягона, таҳвилгарони шабакаи мобилӣ, конфигуратсия ва танзимоти дастгоҳ; • Маълумот дар бораи макони шумо тавассути сигналҳои GPS, Bluetooth ва WiFi. Баъзе хусусиятҳои Galaxy Wearable-и шумо ҷамъкунии маълумот дар бораи ҷойгиршавии дақиқи ҷуғрофии дастгоҳи шуморо талаб мекунад ва дар ин ҳолатҳо мо маълумот дар бораи ҷойгиршавии ҷуғрофии шуморо ҷамъ меорем, вале танҳо бо иҷозати шумо. Вақте ба хусусияти Galaxy Wearable ҷамъоварии маълумот дар бораи ҷойгиршавии дақиқи ҷуғрофии шумо лозим мешавад, дастгоҳи шумо шуморо огоҳ мекунад. Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки агар шумо ба Galaxy Wearable барои ҷамъоварии маълумот дар бораи ҷойгиршавии дақиқи ҷуғрофии худ иҷозат надиҳед, шумо аз ҳамаи хусусиятҳои Galaxy Wearable истифода бурда наметавонед; • Вақте шумо аз хусусияти Пайвасти фосилавӣ истифода мебаред (Ба монанди пайваст кардани дастгоҳи мобилии худ ба дастгоҳи Galaxy Wearable тавассути Wi-Fi ё иттилооти мобилӣ, на тавассути Bluetooth, то ки дастгоҳи Galaxy Wearable-и шумо аз телефони шумо паёмҳоро қабул карда тавонад); маълумот дар бораи барномаҳои дар дастгоҳи мобилии шумо насбкардашуда, ба монанди огоҳиҳо ва муҳтавои паёмҳо ва паёмҳои электронии қабулкардашуда (аз ҷумла муҳтавои паёмҳо ва файлҳои медиа); ва • Агар шумо аз хусусияти нусхабардории эҳтиётӣ ва барқароркунӣ, версияи нармафзор, рамзи фурӯш, рӯихати барномаҳои насбгардида ва ба қарибӣ истифодашуда, иттилоот ва танзимоти барномаҳои насбгардида, танзимоти экрани асосӣ, аз ҷумла лавҳаи соат, барномаҳо ва виҷетҳо, танзимоти огоҳиҳо, танзимоти система, аз ҷумла экран, овоз ва вибратсия истифода баред. • Агар шумо барои фиристодани иттилооти ташхисӣ, маълумоти ташхисӣ, техникӣ, хатогиҳо ва истифодабарӣ, ба монанди вақт ва давомнокии истифодаи шумо аз дастгоҳи Galaxy Wearable-и шумо, барномаҳои аз ҷониби шумо насбкардашуда ва чӣ қадару кай шумо барномаҳоро мекушоед ва мепӯшед. Мо инчунин метавонем иттилооти дигарро дар бораи шумо, дастгоҳи Galaxy Wearable-и шумо ва барномаҳо, дастгоҳҳои шумо, ки ба Galaxy Wearable пайваст шудаанд ва дар бораи истифодаи шумо аз Galaxy Wearable-и шумо бо роҳҳое, ки мо дар вақти ҷамъоварӣ ва ҳар дафъа ҳангоми зарурият тавсиф мекунем, ҷамъоварӣ намоем, мо розигии шуморо хоҳем гирифт. МО МАЪЛУМОТИ ШУМОРО ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА МЕБАРЕМ? • Барои кумак расондан ба шумо дар бақайдгирӣ ва истифодаи Galaxy Wearable. • Барои пешниҳоди хидматҳо ва хусусиятҳое, ки шумо дархост мекунед. • Барои ҷавоб додан ба талабот ва саволҳои шумо ва ҷиҳати муошират бо шумо дар бораи Galaxy Wearable-и шумо, аз ҷумла пешниҳоди кумак ҳангоми аз ҷониби шумо дархост карда шудани дастгирии техникӣ оид ба Galaxy Wearable-и шумо. • Барои иҷозат додан ба шумо ҷиҳати ҳамкорӣ бо барномаҳо, хусусиятҳо ва хизматрасониҳои интихобгардидаи Samsung ё тарафҳои сеюм. Масалан, шумо метавонед нусхаи маълумот дар бораи барномаҳо ё танзимоти худро дар Samsung Cloud таҳия намоед ё Samsung Health-ро дар Galaxy Wearable-и худ истифода баред. • Барои пешниҳоди муҳтаво ё хизматрасониҳои шахсигардонидашудаи ба Galaxy Wearable алоқаманд. • Барои пешниҳоди ташвиқоти таблиғотӣ ва таклифҳо тавассути мукотибаи маркетингӣ (масалан, тавассути огоҳиҳои Push ва паёмҳои матнӣ) танҳо дар сурати пешниҳоди розигии алоҳидаи шумо ба мо. • Барои идора кардан, баҳодиҳӣ ва такмил додани Galaxy Wearable ва фаъолияти мо (аз ҷумла таҳия кардани маҳсулот ва хизматрасонҳои нав; беҳтар кардан ва такмил додани маҳсулот ва хизматрасониҳои мо; идора кардани иртиботи мо; таҳлил кардани маҳсулот, махзани муштариён ва хизматрасониҳои мо; гузаронидани тадқиқоти бозорҳо; иҷро кардани таҳлили иттилоотӣ; инчунин иҷро кардани функсияҳои муҳосибӣ, аудиторӣ ва дигар функсияҳои дохилӣ); • Барои пурсидани фикру андешаҳои шумо дар бораи маҳсулот ва хидматҳои мо ва барои гузаронидани пурсишҳо дар байни муштариён; дар ҳолати зарурат, бо розигии алоҳидаи шумо. • Барои пешниҳод кардани навсозиҳои нармафзор, хизматрасониҳои техникӣ ва дастгирии Galaxy Wearable-и шумо. • Барои муҳофизат аз, муайян кардан ва пешгирӣ кардани қаллобӣ ва дигар фаъолияти ҷиноятӣ, даъвоҳо ва дигар ҷавобгариҳо. • Барои риоя ва иҷро кардани талаботи қонунии татбиқшаванда, стандартҳои дахлдори соҳа ва сиёсатҳои мо, аз ҷумла ин Огоҳӣ оид ба махфият ва Сиёсати махфият. Дастгоҳи Galaxy Wearable-и шумо метавонад имконияти пайвастшавӣ ба барномаҳо, хизматрасониҳо ва хусусиятҳои Samsung ё тарафҳои сеюмро пешниҳод намояд ё аз онҳо истифода барад. Масалан, шумо метавонед аз Samsung Health ё Bixby Voice дар Galaxy Wearable-и худ истифода баред. Ин барномаҳо, хизматрасониҳо ва хусусиятҳои Samsung ва тарафҳои сеюм метавонанд огоҳиҳо оид ба махфияти худро дошта бошанд. Онҳоро аз назар гузаронед, то мутмаин шуда фаҳмед, ки чӣ тавр ин хизматрасониҳо маълумоти шуморо коркард мекунанд. Ба дараҷае, ки ягон барнома, хидмат ё хусусияти дигари пайвандшуда ё нишондодашуда ба мо тааллуқ надорад ё аз ҷониби мо назорат карда намешавад, мо барои муҳтаво, истифода ё сиёсати махфияти он масъул нестем. МО МАЪЛУМОТИ ШУМОРО БО КӢ МУБОДИЛА МЕКУНЕМ? Мо маълумоти шуморо танҳо дар доираи фаъолияти худ дар дохили ширкат ва ба ниҳодҳои зерин ифшо хоҳем кард, вале танҳо барои мақсадҳои дар боло тавсифгардида. * Ширкатҳои фаръӣ: ширкатҳои дигари Samsung Electronics Group, ки мо идора мекунем ё дар ихтиёр дорем; * Таҳвилгарони хизматрасониҳо: ширкатҳои бодиққат интихобгардида, ки барои мо ё аз номи мо хизматрасониҳо пешниҳод мекунанд, ба монанди серверҳои иттилоот, ки маълумотҳоро аз номи мо нигоҳ медоранд. Ин таҳвилгарон низ уҳдадоранд, ки маълумоти шуморо муҳофизат намоянд; * Тарафҳои дигар дар сурате, ки қонун талаб кунад ё аз рӯи зарурат Galaxy Wearable-и шуморо муҳофизат намоянд: масалан, он метавонад аз рӯи қонун, мурофиаи ҳуқуқӣ ё қарори суди мақомоти давлатӣ барои ифшои маълумоти шумо зарур гардад. Инчунин онҳо метавонанд маълумоти шуморо аз мо барои мақсадҳои татбиқи қонун, амнияти миллӣ, мубориза бо терроризм ё масъалаҳои дигаре, ки ба амнияти давлат дахл доранд, дархост намоянд; * Тарафҳои дигар дар робита бо амалиётҳои корпоративӣ: мо метавонем маълумоти шуморо ба тарафи сеюм дар доираи якҷояшавӣ ё интиқол, харид ё фурӯш ва ё дар ҳолати муфлисшавӣ ифшо кунем; ва * Тарафҳои дигар бо розигии шумо ё бо дастури шумо: илова бар мавридҳои ошкоркунии дар ин Огоҳӣ оид ба махфият шарҳ додашуда, мо метавонем маълумотро дар бораи шумо бо тарафҳои сеюм ҳангоми розигии алоҳидаи шумо ба он ё дархости чунин мубодилакунӣ мубодила намоем. НАВСОЗИҲО БА ИН ОГОҲӢ ОИД БА МАХФИЯТ Ин Огоҳӣ оид ба махфият метавонад ҷиҳати хабар додан ба шумо дар бораи тағйирот дар тарзи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шумо барои Galaxy Wearable ё тағйирот дар қонуну қоидаҳои дахлдор навсозӣ карда шавад. Таърихи рӯзи навсозии охирин ба ин ҳуҷҷат дар болои ин Огоҳӣ оид ба махфият нишон дода шудааст. Version:P01.03.00